ШИРКАТҲОИ АФҒОНИСТОН ТАЛАБИ ҲАМКОРӢ ДОРАНД
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ширкатҳои афғонӣ дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳои васеи иқтисодию савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, ширкати «Азизи групп» яке аз ширкатҳои таҳвилкунандаи газу нафт дар Давлати Исломии Афғонистон мебошад. Ширкат ду бонк: «Азизӣ» ва «Бохтар»- ро дар ихтиёр дорад. Ҷонишини раиси ширкати «Азизӣ» ҷаноби Тоҳирӣ ҳангоми вохӯрӣ бо раиси Палатаи саноат ва савдои Тоҷикистон Шариф Саид иброз доштааст, ки ширкаташон имконияти кушодани филиали бонки «Азизӣ»- ро вобаста ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҶТ дорад. Онҳо пеш аз ҳама мехоҳанд бораи лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёна, манзили истиқоматӣ, истеҳсол ва коркарди сангҳои қиматбаҳо, сохтмони меҳмонхонаҳо, роҳҳои мошингард, кӯпруку нақбҳо ва рушди туризм ва сайёҳӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ намоянд. Ин масъала миёни вазоратҳои марбута мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






