ШИРКАТҲОИ АФҒОНИСТОН ТАЛАБИ ҲАМКОРӢ ДОРАНД

Июль 12, 2010 09:44

Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ширкатҳои афғонӣ дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳои васеи иқтисодию савдо дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, ширкати «Азизи групп» яке аз ширкатҳои таҳвилкунандаи газу нафт дар Давлати Исломии Афғонистон  мебошад. Ширкат ду  бонк: «Азизӣ» ва «Бохтар»- ро дар ихтиёр дорад.   Ҷонишини раиси  ширкати «Азизӣ» ҷаноби Тоҳирӣ ҳангоми вохӯрӣ  бо раиси Палатаи саноат ва савдои Тоҷикистон Шариф Саид иброз доштааст, ки ширкаташон имконияти кушодани филиали бонки «Азизӣ»- ро вобаста ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҶТ дорад. Онҳо пеш аз ҳама мехоҳанд   бораи лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёна,    манзили истиқоматӣ, истеҳсол ва коркарди сангҳои қиматбаҳо, сохтмони меҳмонхонаҳо, роҳҳои  мошингард, кӯпруку нақбҳо ва рушди туризм ва сайёҳӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ намоянд. Ин масъала миёни вазоратҳои марбута мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Июль 12, 2010 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад