ШУМОРАИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ХОРИҶИ КИШВАР МЕАФЗОЯД

Июль 14, 2010 16:20

Душанбе, 14 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дурахшандагон» соли 2010 барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ беш аз 80 ҷой ҷудо шудааст. Аз ин миқдор 45 ҷой  барои донишҷӯён дар зинаҳои бакалавру  мутахассис  ва магистр ва 40 ҷой  барои аспирантону  докторантон ва коромӯзон муқаррар гардидааст. Назар ба иттилои директори Маркази барномаҳои байналмилалии  назди Вазорати маорифи ҷумҳурӣ  Ҳабиб Мирзоев, стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» соли 2009 бо Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст. Ҳадафи он  фароҳам овардани шароити мусоид, дастгирӣ намудани ҷавонони болаёқату истеъдодноки минтақаҳои гуногуни  ҷумҳурӣ ва ба таҳсил фиристонидани онҳо ба муассисаҳои олӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ мебошад. То ба имрӯз аз ҳисоби  буҷаи давлат 230 нафар ҷавонони болаёқат дар муассисаҳои олии  кишварҳои Русия, Украина, Белорусия ва Қазоқистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Июль 14, 2010 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд