СОХТМОНИ ХОНАҲОИ БАЛАНДОШЁНА ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Шаҳраки Сомониён, 27 июл. (АМИТ «Ховар» , Ҳотам Рабиев).- Дар шаҳраки Сомониён ва баъзе дигар деҳаҳо сохтмони хонаҳои баландошёнаро оғоз карда, ба ин васила мушкилоти норасоии манзилро то андозае ҳал хоҳем кард,- иброз дошт раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров зимни нишасти матбуотӣ. Дар нишасти матбуотӣ, ки муовинони раис, мудирони шӯъбаҳо , роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳузур доштанд, раиси ноҳия ба хабарнигорон дар бораи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввал маълумот дод.Дар нимсолаи аввал ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама сохторҳои хоҷагидории ноҳия 43млн. 800 сомониро ташкил дод,ки он ба 51,1 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти ноҳия баробар аст. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 101 фоизро ташкил дода , нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 378 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Имрӯзҳо ҷамъоварии маҳсулоти ғалладонагӣ ва кишти такрорӣ дар арафаи анҷомёбист. Дар бораи вазъи соҳаи маориф сухан ронда, раиси ноҳия иброз дошт, ки алҳол дар ҳудуди ноҳия сохтмони 16 мактаб бомувафаққият идома дорад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






