СОХТМОНИ ХОНАҲОИ БАЛАНДОШЁНА ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Июль 27, 2010 14:36

Шаҳраки Сомониён, 27 июл. (АМИТ  «Ховар» , Ҳотам Рабиев).- Дар шаҳраки Сомониён  ва баъзе дигар деҳаҳо  сохтмони хонаҳои  баландошёнаро  оғоз карда, ба ин  васила   мушкилоти  норасоии манзилро  то андозае  ҳал хоҳем кард,- иброз дошт   раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров  зимни нишасти матбуотӣ. Дар нишасти матбуотӣ, ки  муовинони раис, мудирони шӯъбаҳо , роҳбарони ташкилоту муассисаҳо  ҳузур доштанд, раиси ноҳия ба  хабарнигорон дар бораи  рушди  иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия  дар нимсолаи аввал  маълумот дод.Дар нимсолаи аввал  ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ  дар ҳама сохторҳои хоҷагидории ноҳия  43млн. 800 сомониро ташкил дод,ки он  ба 51,1 фоизи  ҳаҷми умумии истеҳсоли  маҳсулоти ноҳия   баробар аст. Афзоиши  истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ  101 фоизро  ташкил дода , нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 378 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Имрӯзҳо ҷамъоварии  маҳсулоти  ғалладонагӣ  ва кишти  такрорӣ  дар арафаи  анҷомёбист. Дар бораи  вазъи  соҳаи маориф  сухан ронда,  раиси ноҳия иброз дошт, ки  алҳол  дар ҳудуди ноҳия  сохтмони 16 мактаб  бомувафаққият идома дорад.                

Июль 27, 2010 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст