СОХТМОНИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТӢ ДАВОМ ДОРАД

Июль 12, 2010 15:20

Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева). — Корхонаи воҳиди давлатии "Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе" барои мардумони аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Кӯлоб 10 хонаи истиқоматӣ месозад. То имрӯз, шаш хонаи истиқоматӣ дар ҷамоаи Қайқи дашт ва чор хонаи истиқоматӣ дар ҷамоаи Меҳнатободи ноҳияи Восеъ қомат афрохтаанд.  Сохтмончиён, ки асосан мутахассисонанд, корҳои сохтмониро бо сифати баланд анҷом медиҳанд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби маркази матбуоти "Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе" Маҳмадюсуф Шодиев иттилоъ дод, рафти корҳои сохтмонӣ аз ҷониби роҳбарияти фурӯдгоҳ мавриди назорати доимӣ қарор мегирад. Тайи ҳафтаи гузашта ҳайати кории фурудгоҳ бо роҳбарии сармуҳандиси корхона Бобоҷон Садриддинов қитъаҳои сохтмониро аз назар гузаронида, ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд. Дар навбати худ сохтмончиён иброз доштанд, ки масолеҳи сохтмон ва дигар асбобу анҷоми барои сохтмон пешбинӣ шуда саривақт дастрас карда мешавад ва мушкилие вуҷуд надорад. Роҳбари корхонаи фаръии давлатии "Авиастрой" Баҳром Ҷабборов ки бевосита фаъолияти сохтмончиёнро назорат менамояд, иброз дошт, ки рафти корҳои сохтмони мутобиқи нақша пеш меравад, сохтмончиён бо ҷойи хоб ва хӯрок таъминанд, музди меҳнати худро саривақт мегиранд, бинобар ин хонаҳои истиқоматӣ дар мӯҳлати нишондодашуда ба соҳибонашон супурда мешаванд.

Июль 12, 2010 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд