СОХТМОНИ МАНЗИЛ ДАР ПОЙТАХТ МЕАФЗОЯД, ВАЛЕ ЭҲТИЁҶОТИ МАРДУМ ҚОНЕЪ НАМЕГАРДАД

Июль 30, 2010 10:13

Душанбе, 30 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар нимсолаи аввали соли 2010-ум дар пойтахт дар масоҳати 15 ҳазору 386 метри мураббаъ манзил сохта ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 763 метри мураббаъ зиёд аст. Ин матлаб зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарону намояндагони  сохторҳои гуногуни  пойтахт  ба хабарнигорон пешниҳод  гардид. Мавриди зикр аст, ки беш аз 12 ҳазор метри мураббаъи манзилҳо  аз ҳисоби  маблағҳои  аҳолӣ ва 2, 8  ҳазор метри мураббаъ тавассути ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд ва аз ҳисоби соҳибкорон бунёд шудааст. Дар робита ба вусъат ёфтани корҳои сохтмонӣ дар пойтахт  шумораи кормандоне, ки дар бахши сохтмон фаъолият доранд,  беш аз пеш меафзояд. Алҳол  теъдоди сохтмончиёне, ки дар иншооти сохтмонии пойтахт ба кор машғул мебошанд наздик ба 7 ҳазор буда, музди миёнаи меҳнати онҳо  беш аз 1000 сомониро ташкил медиҳад.           Бо вуҷуди афзоиши сохтмони манзил дар пойтахт ҳанӯз ҳам масъалаи бо манзил таъмин кардани аҳолии шаҳр,  чун масъалаи мубрами рӯз боқӣ мемонад.

Июль 30, 2010 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд