СОХТМОНИ МАНЗИЛ ДАР ПОЙТАХТ МЕАФЗОЯД, ВАЛЕ ЭҲТИЁҶОТИ МАРДУМ ҚОНЕЪ НАМЕГАРДАД
Душанбе, 30 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар нимсолаи аввали соли 2010-ум дар пойтахт дар масоҳати 15 ҳазору 386 метри мураббаъ манзил сохта ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 763 метри мураббаъ зиёд аст. Ин матлаб зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни пойтахт ба хабарнигорон пешниҳод гардид. Мавриди зикр аст, ки беш аз 12 ҳазор метри мураббаъи манзилҳо аз ҳисоби маблағҳои аҳолӣ ва 2, 8 ҳазор метри мураббаъ тавассути ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд ва аз ҳисоби соҳибкорон бунёд шудааст. Дар робита ба вусъат ёфтани корҳои сохтмонӣ дар пойтахт шумораи кормандоне, ки дар бахши сохтмон фаъолият доранд, беш аз пеш меафзояд. Алҳол теъдоди сохтмончиёне, ки дар иншооти сохтмонии пойтахт ба кор машғул мебошанд наздик ба 7 ҳазор буда, музди миёнаи меҳнати онҳо беш аз 1000 сомониро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди афзоиши сохтмони манзил дар пойтахт ҳанӯз ҳам масъалаи бо манзил таъмин кардани аҳолии шаҳр, чун масъалаи мубрами рӯз боқӣ мемонад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






