ТӮҲФАИ САФОРАТИ ҲИНДУСТОН
Душанбе, 22 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Кормандони гурӯҳи таълимоти низомии сафорати Ҳиндустон дар Душанбе китоби дарсии курси омӯзиши асосҳои забони англисиро таҳия ва нашр карданд. Китоби мазкур, дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Эксклюзив-1» бо сифати баланд нашр шуда, асосҳои омӯзиши забони англисиро дар шакли содда, мӯъҷаз ва оммафаҳм дар худ ҷой додаст. Китоби дарсии курси омӯзиши асосҳои забони англисӣ бо сарсухани собиқ сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амар Сингҳ оғоз ёфта, онро дипломати ҳиндӣ тӯҳфаи хубе ба мардуми тоҷик дар роҳи омӯзиши асосҳои забони англисӣ, ки дар шароити глобализатсияи ҷомеаи башарӣ муҳим аст, арзёбӣ кардаааст. Як миқдор китоб ба китобхонаҳои марказу муассисаҳои омӯзишӣ ва сохторҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






