ТӮҲФАИ САФОРАТИ ҲИНДУСТОН

Июль 22, 2010 11:48

Душанбе, 22 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Кормандони гурӯҳи таълимоти низомии сафорати Ҳиндустон дар Душанбе китоби дарсии курси омӯзиши асосҳои забони англисиро таҳия ва нашр карданд. Китоби мазкур, дар  ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Эксклюзив-1» бо сифати баланд нашр  шуда, асосҳои омӯзиши забони англисиро дар шакли содда, мӯъҷаз  ва оммафаҳм дар худ ҷой додаст. Китоби дарсии курси омӯзиши  асосҳои забони англисӣ бо сарсухани собиқ сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амар Сингҳ оғоз ёфта, онро дипломати ҳиндӣ тӯҳфаи хубе ба мардуми тоҷик дар роҳи омӯзиши асосҳои  забони англисӣ, ки дар шароити глобализатсияи  ҷомеаи башарӣ муҳим аст, арзёбӣ кардаааст. Як миқдор китоб ба китобхонаҳои марказу муассисаҳои омӯзишӣ ва сохторҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Июль 22, 2010 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид