ТӮЙ ДАР ХОРУҒШАҲР

Июль 5, 2010 10:12

Душанбе, 5 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар маркази Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон /ВМКБ/ шаҳри Хоруғ 4 июл маросими тӯйи хонадоршавии 40 ҷуфт ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон бо ташаббуси Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ташкил карда шуд. 40 ҷуфт навхонадоронро бо ин рӯзи саид намояндагони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнӣ сидқан табрик намуда, ба онҳо рӯзгори пурсаодатро таманно карданд. Назар ба  иттилои раиси намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар ВМКБ Ҳалим Ҷамшедов, чунин тӯйи ҷавонони оилаҳои ниёзманди вилоят бори нахуст дар шакли дастаҷамъона дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд.    Ба навхонадорон ҷиҳози рӯзгор, аз қабили яхдону мошинаи дарздӯзӣ, қолин  ва дигар тӯҳфаҳо тақдим карда шуд. Дастаи ҳунармандони идораи фарҳанги ВМКБ бо созу таронаҳои дилнишин ва барномаи ҷолиби консертӣ навхонадоронро табрик намуданд. Ҳалим Ҷамшедов, афзуд  ки намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ ду сол инҷониб дар ВМКБ фаъолият дошта, алҳол ба 250 оилаҳои ниёзманди вилоят кӯмак мерасонад.     

Июль 5, 2010 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад