ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ММ МО ҶТ

Июль 8, 2010 16:40

Душанбе, 8 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Мизроб Кабиров собиқ муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июли соли 2010  бо Қарори иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Мизроб Кабиров 52 сол дошта, факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии (миллии) Тоҷикистонро  дар соли 1983 аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. М. Кабиров солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла корманду роҳбарии мақомоти судӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ фаъолият кардааст. Мизроб Кабиров дар давоми солҳои 1999 -2003 Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, рутбаи Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад. М. Кабиров дар вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Музаффар Ашӯровро, ки чанде пеш  мудири шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ таъин шуд, иваз кард.         

Июль 8, 2010 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд