ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ММ МО ҶТ
Душанбе, 8 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Мизроб Кабиров собиқ муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июли соли 2010 бо Қарори иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Мизроб Кабиров 52 сол дошта, факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии (миллии) Тоҷикистонро дар соли 1983 аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. М. Кабиров солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла корманду роҳбарии мақомоти судӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ фаъолият кардааст. Мизроб Кабиров дар давоми солҳои 1999 -2003 Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, рутбаи Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад. М. Кабиров дар вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Музаффар Ашӯровро, ки чанде пеш мудири шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ таъин шуд, иваз кард.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






