ТАЙЁРӢ БА БАРУЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ДАР ҶУМҲУРӢ

Июль 23, 2010 14:10

Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). —  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари гузаронидани барӯйхатгирии  аҳолӣ бори нахуст барӯйхатгирии фонди манзил гузаронида мешавад, ки гузаронидани он сарфи маблағҳои иловагии молию захираҳои инсонӣ ва вобаста ба ин рӯзҳои  иловагии баргузории ин маъракаи муҳимро тақозо мекунад,  зикр намуд дар нишасти матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтия Муҳаммадиева.    Инчунин ӯ қайд намуд, ки барӯйхатгирии фонди манзил барои омӯзиши сатҳи зисту зиндагонии аҳолӣ, шароитҳои манзилии он ва умуман фонди манзили ҷумҳурӣ имконият фароҳам меорад. «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилӣ дар соли 2010 бо усули анъанавӣ гузаронида мешавад, яъне пурсиши аҳолӣ аз тарафи кормандони махсуси муваққатан ба ин кор ҷалбшаванда бе талаби ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷавобҳои пурсидашавандагон гузаронида мешавад», иттилоъ дод дар охир Б. Муҳаммадиева.  Бояд қайд намуд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 то 30 сентябри соли ҷорӣ барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад.

Июль 23, 2010 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд