ТАЙЁРӢ БА БАРУЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ДАР ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ бори нахуст барӯйхатгирии фонди манзил гузаронида мешавад, ки гузаронидани он сарфи маблағҳои иловагии молию захираҳои инсонӣ ва вобаста ба ин рӯзҳои иловагии баргузории ин маъракаи муҳимро тақозо мекунад, зикр намуд дар нишасти матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтия Муҳаммадиева. Инчунин ӯ қайд намуд, ки барӯйхатгирии фонди манзил барои омӯзиши сатҳи зисту зиндагонии аҳолӣ, шароитҳои манзилии он ва умуман фонди манзили ҷумҳурӣ имконият фароҳам меорад. «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилӣ дар соли 2010 бо усули анъанавӣ гузаронида мешавад, яъне пурсиши аҳолӣ аз тарафи кормандони махсуси муваққатан ба ин кор ҷалбшаванда бе талаби ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷавобҳои пурсидашавандагон гузаронида мешавад», иттилоъ дод дар охир Б. Муҳаммадиева. Бояд қайд намуд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 то 30 сентябри соли ҷорӣ барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






