ТИМИ МУНТАХАБИ ИСПАНИЯ АВВАЛИН БОР ДАР ТАЪРИХ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ДАР РИШТАИ ФУТБОЛ ГАРДИД

Июль 12, 2010 17:04

Душанбе 12 июл (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров )- Дар мусобиқаи финалии чемпионати ҷаҳон испаниҳо  тими мунтахаби Нидерландияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуданд. Ҳамин тариқ чемпионҳои Аврупо аввалин маротиба Ҷоми ҷаҳонро дар риштаи футбол  соҳиб гаштанд. Вақти асосии вохӯрӣ дуранг анҷом ёфт. Дар дақиқаи  116-уми  вақти иловагӣ  нимҳимоятчӣ  Андрес  Инйест ба дарвозаи тими Голландия тӯбро дохил намуд. Дар ин вақт  голландиҳо баъди аз майдон берун намудани ҳимоятгар Ҷон Хейтинг 10 нафар бозӣ мекарданд. Мусобиқа хеле тезутунд гузашт : довари асосии вохӯрӣ  Ховард Уэбб ба бозингарони ҳар ду даста 13 корти зард  ва як корти сурх нишон  дод. Ҳар ду даста  имкон доштанд, ки  ҳисобро ҳанӯз  зимни бозӣ дар вақти асосӣ  кушоянд, вале аз лаҳзаҳои  қулай дуруст истифода карда  натавонистанд  Арйен Роббен нимҳимоятгари голландӣ барои дар дақиқаи 62-юми бозӣ  кушодани  ҳисоб имконияти беҳтарин дошт,  вале ӯ ҳам натавонист  дарвозабони Испания  Икера  Касилясро мағлуб намояд. Дар вақти иловагии ҷудошуда  Сеск Фабрегас нимҳимоятгар Андрес  Инйестро ба хати ҳуҷум баровард ва ӯ аз  масофаи наздик ба дарвозаи  тими Голландия тӯб зад. Бояд таъкид намуд, ки тими мунтахаби  Испания барои  аввалин бор аст, ки унвони чемпиони ҷахонро соҳиб мегардад . Дар мусобиқаҳои қаблӣ  дастаи мазкур ҳатто ба бозии нимфинал  набаромада буд. Он чи ки ба голландиҳо  дахл дорад,  ин аст, ки онҳо  бори  сеюм аст,  ки   дар қисмати ниҳоии  мусобиқоти  ҷаҳонӣ мағлуб мегарданд. Ёдовар мешавем, ки  дастаи мунтахаби  Нидерландия  солҳои 1974  ва  1978  низ то  бозии  ҳалкунандаи  мусобиқа  расида буд.          

Июль 12, 2010 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!