ТО ҲАНӮЗ АНДОЗСУПОРАНДАГОН БА ПИНҲОНКУНИИ АНДОЗҲО РОҲ МЕДИҲАНД

Июль 26, 2010 16:19

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 26 июл дар маҷлисгоҳи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти кумита дар нимсолаи аввали соли равон ҷамъбаст карда шуд. Раиси Кумита Нусратулло Давлатов иброз дошт, ки «Дар нимсолаи аввали соли 2010 нақшаи ҷамъоварии  андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 106.0% иҷро гардида, ба ҷойи 1252.0 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷет 1327,0 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба  нақша  75,0 млн. сомонӣ зиёд аст. Воридоти маблағҳо  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзуда ба  298,0 млн. сомонӣ расид».    Дар баробари пешравиҳо дар ин соҳа камбудиҳо низ ба чашм мерасанд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо риояи муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи боздоштани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар ҶТ» аз ҷониби кормандони мақомоти андоз тибқи нақшаи тасдиқшуда дар фаъолияти   922  нафар андозсупоранда санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуд. Таҳлил ва омӯзиши санадҳои санҷиши андоз нишон медиҳанд, ки то ҳанӯз андозсупорандагон дидаву дониста ба пинҳонкунии андозҳо роҳ медиҳанд». Кормандони мақомоти андоз ният доранд, ки минбаъд ҳам самаранок ва ташаббускорона фаъолият намуда,  нишондиҳандаҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ  барои соли 2010» ва вазифаҳои дигари  ба зимма гирифтаашонро пурра иҷро кунанд, гуфт дар охир раиси Кумитаи андоз Н.Давлатов.      

Июль 26, 2010 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд