ТО ҲАНӮЗ АНДОЗСУПОРАНДАГОН БА ПИНҲОНКУНИИ АНДОЗҲО РОҲ МЕДИҲАНД
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 26 июл дар маҷлисгоҳи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти кумита дар нимсолаи аввали соли равон ҷамъбаст карда шуд. Раиси Кумита Нусратулло Давлатов иброз дошт, ки «Дар нимсолаи аввали соли 2010 нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 106.0% иҷро гардида, ба ҷойи 1252.0 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷет 1327,0 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақша 75,0 млн. сомонӣ зиёд аст. Воридоти маблағҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзуда ба 298,0 млн. сомонӣ расид». Дар баробари пешравиҳо дар ин соҳа камбудиҳо низ ба чашм мерасанд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо риояи муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи боздоштани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар ҶТ» аз ҷониби кормандони мақомоти андоз тибқи нақшаи тасдиқшуда дар фаъолияти 922 нафар андозсупоранда санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуд. Таҳлил ва омӯзиши санадҳои санҷиши андоз нишон медиҳанд, ки то ҳанӯз андозсупорандагон дидаву дониста ба пинҳонкунии андозҳо роҳ медиҳанд». Кормандони мақомоти андоз ният доранд, ки минбаъд ҳам самаранок ва ташаббускорона фаъолият намуда, нишондиҳандаҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2010» ва вазифаҳои дигари ба зимма гирифтаашонро пурра иҷро кунанд, гуфт дар охир раиси Кумитаи андоз Н.Давлатов.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






