ТОҶИКИСТОН БА ИТТИФОҚИ ГУМРУКҲО ДОХИЛ МЕШАВАД Ё НЕ

Июль 5, 2010 16:07

Душанбе,  5 июл. (АМИТ «Ховар»). —  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  фарҷоми   маҷлиси  Шӯрои  байнидавлатии  Ҷомеаи иқтисодии  Евразия  дар нишасти  матбуотӣ ширкат  варзид. Вай  изҳор  намуд, ки  дар Тоҷикистон  имконияти  дохил  гардидани  мамлакат  ба  Иттифоқи  гумрукҳо  ба таври  ҷиддӣ омӯхта  мешавад. Дар  нишасти  матбуотӣ  Президенти  Ҷумҳурии  Қирғизистон  Роза  Отунбоева  низ  иштирок  дошт.  Вай  зикр  намуд,  ки  Қирғизистон  узви  созмони  ҷаҳонии тиҷорат  мебошад.  Бо  вуҷуди  ин  барои  омӯзиши  масъалаи  дохил  гардидани  мамлакат  ба Иттифоқи  гумрукҳо  комиссияи  корӣ  таъсис  дода шуд. Мо дар  ин  бобат  пеш  аз  ҳама  манфиатҳои  мамлакатамонро  ба  инобат  мегирем,  гуфт  Роза  Отунбоева.

Июль 5, 2010 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд