«ТО&#1206ИКСУ&#1170УРТА» БА ШАХСОНИ Э&#1202ТИЁҶМАНД КӮМАКҲОИ МОЛИЯВӢ РАСОНИД

Июль 16, 2010 15:20

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон дар давоми 6 моҳи сипари гардида ба 10 ҳазору 400 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ, ки ба молу амвол ва саломатиашон осеб расидааст, ба маблағи 5 миллиону 649 ҳазору 600 сомонӣ ҷуброни  зарар талофӣ намудааст.  Тавре дар нишасти матбуотии ширкати мазкур иттилоъ доданд, мавқеи Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ оид ба ҳақгузории зарардидагон дар нимсолаи аввали соли 2010  66,2 фоизро ташкил мекунад. Инчунин, қайд гардид, ки дар нимсолаи соли ҷорӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ба андозаи 1 миллиону 809 ҳазору 600 сомонӣ маблағ гузаронида шуд, ки 912 ҳазору 100 сомониаш пардохтҳои суғуртаи  иҷтимоӣ мебошанд. Бояд қайд намуд, ки бо мақсади ҳиссагузорӣ дар ҳуҷҷати стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ аз ҳисоби фоидаи ба даст овардаи ширкат ба ашхоси эҳтиёҷманд, маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, хонаҳои пиронсолон, бепарасторон, шахсони яккаю танҳо, ятимон ва муҳоҷирон ба андозаи 33 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои молиявӣ расонида шудааст.     

Июль 16, 2010 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд