УСТОДИ ДОНИШГОҲ МУОВИНИ УБАЙДУЛЛОЕВ ТАЪИН ШУД

Июль 16, 2010 12:27

Душанбе, 16 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдуҳомид  Шералиев 15 июл дар ҷаласаи ҷамъбасти нимсолаи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз вазифааш озод гардид. Мавсуф,  қаблан масъули бахши нақлиёт, коммуникатсия ва савдою бозорҳои шаҳри Душанбе буд. Бо Қарори Раиси шаҳр А. Шералиев директори муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» таъин шуд. Бояд зикр кард, ки 14  июл бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва бо ризоияти Президенти ҷумҳурӣ устоди Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон  Абдулҳақ Оев ба вазифаи муовини Раиси шаҳр оид ба масъалаҳои роҳ ва хоҷагидорӣ таъин шуд. Инчунин,  Раҳматулло Табаров,    ки қаблан Раиси ноҳияи Синои пойтахт буд,  муовини Раиси шаҳр оид ба сохтмон таъин гардид. Ҳамзамон,  дар ҷаласаи ҷамъбастӣ  бо Қарори Раиси шаҳр мудири шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Абдулхайр Алиев аз вазифааш озод карда шуда, директори корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» таъин шуд.

Июль 16, 2010 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад