УСУЛИ НАВИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ ДАР ШӮРООБОД

Июль 9, 2010 16:38

Шӯрообод, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бо мақсади амалӣ гардонидани Барномаи давлатии «Тараққиёти минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ» дар ноҳияи Шурообод корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, давоми соли ҷорӣ дар майдони 251 гектар боғи нав бунёдқад гардидааст. Дар бунёди боғҳо кишоварзон бештар аз заминҳои лалмӣ ва бекорхобида истифода мебаранд. Вале нарасидани об дар минтақаҳои ҷануби ноҳия ба кори деҳқонон дар самти бунёди боғ ва зироаткорӣ мушкили пеш овардааст. Аз ин рӯ дар ноҳияи мазкур раёсати кишоварзӣ зери Барномаи «Ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон дар бунёди боғҳо» усулҳои навро дар ин митақаҳо роҳандозӣ менамояд. Cокини деҳаи Чилгаи ҷамоъати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шурообод Дустмурод Дилнавозов имсол бо усули қатрагӣ дар майдони якуним гектар боғ бунёд кардааст, ки дар  боғи  навбунёди  ӯ  ниҳолҳои себу зардолу, ноку шафтолу, ки ба шароити иқлими минтақа мусоид аст парвариш меёбанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки зери лоиҳаи мазкур Барномаи «Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон дар нохияхои Шурообод, Муъминобод ва Ховалинг» боғ бунёд карда шудааст, ки нашъунамо ва ҳосилнокии дарахтон нисбат ба дарахтони боғҳои қабли беҳтар аст. Мавзеъҳои бунёди боғҳои бо усули қатрагӣ обёришаванда бошад талу теппаҳо интихоб гардидаанд, ки дар он ҷойҳо чашма ва обҳои ҷоришаванда хеле кам аст. Инчунин Бобохон Назаров бо ин усул ҳанӯз се сол пеш дар майдони ду гектар боғ бунёд намуда буд ва аллакай ниҳолҳои парваришкардааш ҳосил бастанд. Дар баробари ин дар байни ниҳолҳо сабзавоткорӣ мекунад, ки аз он ҳам фоидаи зиёд ба даст овардааст. Ба гуфти мутахассисон истифодаи усули қатрагӣ хеле оддӣ ва дастрас буда, ҳар як кишоварз метавонад онро мустақилона амалӣ намояд. Омӯзиш ва ҷорӣ намудани ин усул хароҷоти зиёдатиро талаб намекунад ва дар ҳоли самаранок истифода намудани обу замин ҳосили дилхоҳ ба даст овардан имконпазир мегардад.                

Июль 9, 2010 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд