УСУЛИ НАВИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ ДАР ШӮРООБОД
Шӯрообод, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бо мақсади амалӣ гардонидани Барномаи давлатии «Тараққиёти минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ» дар ноҳияи Шурообод корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, давоми соли ҷорӣ дар майдони 251 гектар боғи нав бунёдқад гардидааст. Дар бунёди боғҳо кишоварзон бештар аз заминҳои лалмӣ ва бекорхобида истифода мебаранд. Вале нарасидани об дар минтақаҳои ҷануби ноҳия ба кори деҳқонон дар самти бунёди боғ ва зироаткорӣ мушкили пеш овардааст. Аз ин рӯ дар ноҳияи мазкур раёсати кишоварзӣ зери Барномаи «Ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон дар бунёди боғҳо» усулҳои навро дар ин митақаҳо роҳандозӣ менамояд. Cокини деҳаи Чилгаи ҷамоъати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шурообод Дустмурод Дилнавозов имсол бо усули қатрагӣ дар майдони якуним гектар боғ бунёд кардааст, ки дар боғи навбунёди ӯ ниҳолҳои себу зардолу, ноку шафтолу, ки ба шароити иқлими минтақа мусоид аст парвариш меёбанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки зери лоиҳаи мазкур Барномаи «Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон дар нохияхои Шурообод, Муъминобод ва Ховалинг» боғ бунёд карда шудааст, ки нашъунамо ва ҳосилнокии дарахтон нисбат ба дарахтони боғҳои қабли беҳтар аст. Мавзеъҳои бунёди боғҳои бо усули қатрагӣ обёришаванда бошад талу теппаҳо интихоб гардидаанд, ки дар он ҷойҳо чашма ва обҳои ҷоришаванда хеле кам аст. Инчунин Бобохон Назаров бо ин усул ҳанӯз се сол пеш дар майдони ду гектар боғ бунёд намуда буд ва аллакай ниҳолҳои парваришкардааш ҳосил бастанд. Дар баробари ин дар байни ниҳолҳо сабзавоткорӣ мекунад, ки аз он ҳам фоидаи зиёд ба даст овардааст. Ба гуфти мутахассисон истифодаи усули қатрагӣ хеле оддӣ ва дастрас буда, ҳар як кишоварз метавонад онро мустақилона амалӣ намояд. Омӯзиш ва ҷорӣ намудани ин усул хароҷоти зиёдатиро талаб намекунад ва дар ҳоли самаранок истифода намудани обу замин ҳосили дилхоҳ ба даст овардан имконпазир мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






