ЯРМАРКАИ ҶОИ КОРИ ХОЛӢ ДАР ҲАМАДОНӢ

Июль 9, 2010 16:40

Ҳамадонӣ, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). — Агентии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Ҳамадонӣ ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро роҳандозӣ намуда, ба корфармоёну корҷӯён имкониятҳои васеи интихобро фароҳам месозад. Дар ярмаркаи навбатӣ масъулин ва субъектҳои хоҷагидори беш аз 12 ташкилоту корхона 128 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озодро ба корҷӯён пешниҳод карданд, ки  дар ин  ярмарка  беш  аз  10  нафар  бекорон  бо ҷои  кори  нав  таъмин  гардиданд.           Ёдрас менамоем,ки дар ноҳия дар самти паст кардани сатҳи бекорӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани қувваи қобили меҳнат бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кормандони Агентии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар ярмаркаи навбатии ҷойҳои кор ва вазифаҳои озод шумораи зиёди сокинони ноҳия, аз ҷумла корҷӯён  ширкат варзида, аксари онҳо бо роҳхат ба ҷои кори писандидаашон таъмин ва қисмати дигари корҷӯён, ки ихтисос надоштанд, ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд. Кормандони Агентии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳия зимни қатори татбиқи амалии корҳо дар ин самт барои беҳдошти ҳифзи иҷтимоии доимии табақаҳои ниёзманд низ чораҳои мушаххас  андешида, дар ин рӯз ба ду нафар собиқадори меҳнат аробачаи маъюбӣ тақдим карданд. Масъулини соҳа ният доранд, ки дар оянда низ барои бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ ва беҳдошти шароити зисти шаҳрвандони ноҳия тадбирҳои мушаххас андешанд.   

Июль 9, 2010 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд