ЯРМАРКАИ ҶОИ КОРИ ХОЛӢ ДАР ҲАМАДОНӢ
Ҳамадонӣ, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Агентии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Ҳамадонӣ ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро роҳандозӣ намуда, ба корфармоёну корҷӯён имкониятҳои васеи интихобро фароҳам месозад. Дар ярмаркаи навбатӣ масъулин ва субъектҳои хоҷагидори беш аз 12 ташкилоту корхона 128 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озодро ба корҷӯён пешниҳод карданд, ки дар ин ярмарка беш аз 10 нафар бекорон бо ҷои кори нав таъмин гардиданд. Ёдрас менамоем,ки дар ноҳия дар самти паст кардани сатҳи бекорӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани қувваи қобили меҳнат бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кормандони Агентии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар ярмаркаи навбатии ҷойҳои кор ва вазифаҳои озод шумораи зиёди сокинони ноҳия, аз ҷумла корҷӯён ширкат варзида, аксари онҳо бо роҳхат ба ҷои кори писандидаашон таъмин ва қисмати дигари корҷӯён, ки ихтисос надоштанд, ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд. Кормандони Агентии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳия зимни қатори татбиқи амалии корҳо дар ин самт барои беҳдошти ҳифзи иҷтимоии доимии табақаҳои ниёзманд низ чораҳои мушаххас андешида, дар ин рӯз ба ду нафар собиқадори меҳнат аробачаи маъюбӣ тақдим карданд. Масъулини соҳа ният доранд, ки дар оянда низ барои бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ ва беҳдошти шароити зисти шаҳрвандони ноҳия тадбирҳои мушаххас андешанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






