ЗАБОНИ ФОРСӢ МАҚОМИ РАСМӢ МЕГИРАД?

Июль 13, 2010 15:27

Душанбе, 13 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Эрон талош ва иқдом дорад, ки забони форсӣ ҳамчун забони расмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дар радифи забонҳои расмии дунё- англисӣ, русӣ, чиноӣ, арабӣ ва испанӣ аз сӯи Созмони Миллали Муттаҳид /СММ/ эътироф гардад». Ин матлабро 13 июл дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба ҳабарнигорон Роҳбари дастгоҳи Президенти  Эрон Исфандиёр Раҳими Машоӣ зикр намуд. Мавсуф гуфт,  забони форсӣ, ки яке аз забонҳои қадима ва дорои таърихи бой аст, имрӯз дар бархе аз кишварҳои минтақа ниёз ба ташаккул ва ҳимоят дорад. Роҳбари маъмурияти Президенти Эрон гуфт, ки дар масъалаи ҳифзи арзишҳои бузурги фарҳангии  форсизабонон Ҳукумати Эрон тадбирҳои судмандро меандешад. Яке аз онҳо ҷаҳонӣ шудани Ҷашни бостонии форсизабонон — Наврӯз аст, ки  аз сӯи СММ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Бояд зикр кард, ки забони форсӣ, ки забони мардумони ориёинажод маҳсуб мешавад,  дар қаламрави кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон бо лаҳҷаҳои хоси мардумони он истифода  мешавад. Дар маҷмӯъ бо забони ноби форсӣ беш аз 100 миллион аҳолии ҷаҳон гуфтугӯ менамоянд.

Июль 13, 2010 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд