ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ЧОРВО НОКИФОЯ АСТ

Июль 21, 2010 10:21

Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ, нақшаи ҷамъоварии хӯрокаи дурушти чорво дар ҷумҳурӣ 676,4 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст. То 13 – уми июли соли ҷорӣ дар тамоми сохторҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 208,1 ҳазор тонна хӯрокаи дурушти зимистонаи чорво захира карда шудааст, ки он    31 фоизи нақшаи умумии захираи    хӯрокаи чорворо ташкил медиҳад. Иҷрои нақшаи умумии захираи хӯрокаи ширадори чорво низ ғайриканоатбахш аст. Аз 198 ҳазор тонна хӯрокаи ширадори дар нақша пешбинишуда ҳамагӣ 2 ҳазору 200 тонна    хӯрока    захира   шудааст, ки он 1,1 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, нақшаи ҷамъоварии хӯрокаи дурушти чорво дар вилоятҳои Хатлон 39 фоиз,   Суғд – 28   ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 23 фоиз иҷро гардидааст, ки нокифоя ва ғайриқаноатбахш аст. Имрӯзҳо роҳбарони хоҷагиҳо кори муташаккилонаи ҷамъоварию захираи хӯрокаи зимистонаи чорворо дар саросари ҷумҳурӣ ба роҳ мондаанд.                                                   

Июль 21, 2010 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд