ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ЧОРВО НОКИФОЯ АСТ
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ, нақшаи ҷамъоварии хӯрокаи дурушти чорво дар ҷумҳурӣ 676,4 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст. То 13 – уми июли соли ҷорӣ дар тамоми сохторҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 208,1 ҳазор тонна хӯрокаи дурушти зимистонаи чорво захира карда шудааст, ки он 31 фоизи нақшаи умумии захираи хӯрокаи чорворо ташкил медиҳад. Иҷрои нақшаи умумии захираи хӯрокаи ширадори чорво низ ғайриканоатбахш аст. Аз 198 ҳазор тонна хӯрокаи ширадори дар нақша пешбинишуда ҳамагӣ 2 ҳазору 200 тонна хӯрока захира шудааст, ки он 1,1 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, нақшаи ҷамъоварии хӯрокаи дурушти чорво дар вилоятҳои Хатлон 39 фоиз, Суғд – 28 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 23 фоиз иҷро гардидааст, ки нокифоя ва ғайриқаноатбахш аст. Имрӯзҳо роҳбарони хоҷагиҳо кори муташаккилонаи ҷамъоварию захираи хӯрокаи зимистонаи чорворо дар саросари ҷумҳурӣ ба роҳ мондаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






