ЗАМИНФУРӮШИ МИЛЛИОНЕРШУДА ХОРУ МУФЛИС ШУД

Июль 13, 2010 11:21

Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти прокуратураи вилояти Суғд, сокини шаҳри Конибодом, ки дар Ҷамъияти Саҳҳомии  ба номи Энаҷон Бойматова бригадир шуда кор мекард, 100 гектар замини захираи давлатиро  бо роҳи ғайриқонунӣ ба зиёда аз 700 нафар сокинони шаҳри Конибодом ҳамчун қитъаи наздиҳавлигӣ тақсим карда, беш аз як миллион доллари амрикоӣ ба даст овардааст. Прокуратураи вилоятӣ оид ба ҷинояти мазкур, нисбат ба  заминфурӯши миллионергардида С. Чӯлпонов бо моддаи 247 қ.4 банди «б» (қаллобӣ) –и КҶҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода тафтишот мебаранд.

Июль 13, 2010 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд