ЗАМИНИ БЕКОРХОБИДАИ МИНТАҚАИ ҚӮРҒОНТЕППА

Июль 30, 2010 10:10

Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ танҳо дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон беш аз 8 ҳазор гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст,- иброз дошт муовини сардори Раёсати кишоварзии вилоят Одинақул Душанов. -Масъалаи истифода нашудани замини кишт,  яке аз масъалаҳои баҳсноки доғи рӯз дар  кори мушовараи Сарраёсати кишоварзии минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт,- гуфт ба мухбири АМИТ «Ховар» О. Душанов. Бо вуҷуди муроҷиати  Президенти кишвар оид ба гирифтани ду- се ҳосил аз заминҳои обӣ, маълум гардид, ки дар минтақаи Қӯрғонтеппа нафақат барои гирифтани ҳосили дуюму сеюм, балки дар аксари ноҳияҳои минтақа барои гирфтани ҳосили якум ҳам коре карда нашудааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар нимсолаи якуми соли 2010 дар ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Ҷиликӯл, Қубодиён, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Румӣ, Шаҳритус,   ва Абдураҳмони Ҷомӣ 8 ҳазору 233 га замин умуман кишт нашудааст.  

Июль 30, 2010 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд