ЗАРАРИ БОЗДОШТИ ВАГОНҲО БА СОҲИБКОРОНИ ТОҶИК
Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбекистон сабаби коҳиш ёфтани интиқоли мол ба воситаи шохаи роҳи оҳани Амӯзанг – Хатлон гардид. Бо ҳамин сабаб соҳибкорону тоҷирони тоҷик аз интиқоли мол ба воситаи шохаи роҳи оҳани мазкур даст кашида, вагонҳои худро ба самти Душанбе мефиристанд. Айни ҳол ба вилояти Хатлон дар давоми шабонарӯз аз 18 то 20 вагони боркаш дохил мегардад. Ҳоло дар қаламрави Ӯзбекистон бештар аз 290 вагон боздошта шудааст. Миқдори вагонҳои боздошташуда аввали моҳи июн тақрибан ба 900 адад мерасид. Агар вазъият ҳамин тавр давом кунад, барои ба Хатлон фиристодани 290 вагони боқимонда қариб ним моҳ сарф мешавад. Айни ҳол ба самти Душанбе ҳар шабонарӯз то 250 вагон мол фиристода мешавад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






