100 ҶОЙИ КОРИ НАВ ДАР НОҲИЯИ МӮЪМИНОБОД
Кӯлоб, 26 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бо мақсади ба кор даровардани фабрикаи мурғпарварии ноҳияи Мӯъминобод як сол қабл Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Якарча» аз «Фононбонк»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қарз гирифта, ба таъмиру таҷдид ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани корхона шурӯъ намуд. Дар арафаи таҷлили Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фабрика дар ҳамкорӣ бо мутахассисони эронӣ беш аз даҳу ним ҳазор чӯҷаи мурғи гӯштӣ бароварда шуд, ки ин таҷриба дар ҷумҳурӣ авалин бор аст. Бояд қайд намуд, ки таҷҳизоти корхона ва тухми ин намуди парранда аз водии Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон харид гардида, ба фабрика оварда шуд. Дар таҷрибаи нахустини дастгоҳи чӯҷабарорӣ, ки дувоздаҳуним ҳазор тухм гузошта шуда буд, даҳуним ҳазор чӯҷа бароварда шуд, ки ин 84 фоизро ташкил медиҳад. Дар фабрика дастгоҳи хӯроктайёркунӣ, маводи хӯрокӣ, заҳрҳо барои безараргардонӣ, доруҳои табобатӣ ба миқдори лозимӣ захира шудааст. Айни замон 8 мурғхона таъмир ва бо таҷҳизот муҷаҳҳаз гардидааст, вале дар самти таъмин ва дастрас намудани тухм роҳбарияти корхона ба як қатор мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардидааст. Бинобар гуфти роҳбарияти корхона ва мутахассисони эронӣ дар ҳолати пурра ба кор даровардани фабрикаи мазкур имкони бо ҷойи кор таъмин намудани беш аз 100 нафар сокинони ноҳия пайдо гардида, корхона метавонад дар оянда то якуним ҳазор тонна гӯшт истеҳсол намояд. Зеро ин намуди парранда ҳамагӣ дар муддати 45 рӯз то ду-дуюним килограмм вазн пайдо мекунад. Бо мақсади дар оянда паст намудани нархи гӯшти парранда, дар фабрика парвариши модамурғҳо барои истеҳсоли тухм низ дар назар аст.