ҒОРАТГАРӢ

Август 19, 2010 13:52

Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Сокини кӯчаи  Федини ноҳияи Сино ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ ариза дода, шикоят кард, ки 11 июли соли равон дар назди бинои  № 52 шахси номаълум ба ӯ ҳамла оварда, гарданбанди тиллоияшро бо роҳи зӯрӣ кашида гирифта, аз ҷойи воқеа ғайб задааст. Ба қавли ҷабрдида, гарданбанди тиллоӣ 700 сомонӣ арзиш дошт. Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии № 1 ноҳияи Сино дар натиҷаи андешидани тадбирҳои фаврӣ шаҳрванд Фаридун Шоназарови 19 соларо дастгир намуданд. Ӯ дар ягон ҷой кор намекунад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки нисбат ба Ф. Шоназаров парвандаи ҷиноӣ кушода шуда,  тафтиши он давом дорад.

Август 19, 2010 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад