ҚАЛЛОБӢ ДАР ҲАҶМИ МАХСУСАН КАЛОН

Август 17, 2010 10:33

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 15 августи соли ҷорӣ ҳангоми  гузаронидани амалиёти фаврии ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Таҳмина Маҳмадкаримоваи 36 сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Крупская, хонаи 34, дар давоми солҳои 2005-2009 бо шариконаш аз филиалҳои  №6 ва №3-и бонки амонатгузории «Амонатбонк» бо роҳи сохтакорӣ додани  ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда, амволи шахсони ба дигар кас тааллуқдоштаро ҳуҷҷатҳои қалбакӣ сохта,  ба муассисаҳои бонкӣ ва шаҳрвандони алоҳида дар идораи нотариалии давлатӣ шартномаҳои қалбакӣ баста, қарзҳои зиёди бонкиро бо роҳҳои сохтакорӣ гирифта, ба манфиати худ истифода бурдааст. 12 июни соли 2009 бо роҳи қаллобӣ Таҳмина Маҳмадкаримова хонаи шаҳрванд Зулфия Абдусамадоваи 41 соларо ба Ҷамъияти саҳҳомии бонки «Фононбонк» ба гарав монда, 36 ҳазор доллари ИМА  ба даст овардааст. Дастгиршуда бо моддаи 247 қ.4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷинояткор дониста мешавад. Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши он давом дорад.

Август 17, 2010 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад