ҚАРОРИ ШАҲРДОРИИ ПОЙТАХТ МАҚОМИ ҲУҚУҚӢ ПАЙДО КАРД

Август 16, 2010 10:28

Душанбе, 16 август.(АМИТ  «Ховар», Марзия Саидова).- Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 августи соли 2010 «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи шарифи Рамазон дар қаламрави шаҳри Душанбе» тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз ҷониби Вазорати адлияи кишвар  ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳти № 582 аз 12 августи соли 2010 ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод. Бо дарназардошти амали мазкур ва мувофиқ ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2009  «Дар бораи тасдиқи тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ «Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе дар нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи «Ҷумҳурият» 14 августи соли 2010 интишор гардид. Бояд зикр кард, ки дар давоми моҳи шарифи Рамазон(аз 11 август то 10 сентябри соли ҷорӣ) риояи ташаббуси соҳибкорону роҳбарони бозорҳои пойтахт дар қаламрави шаҳр ҷиҳати дар як сатҳ қарор додани нархи маҳсулот, аз ҷумла нархи 1 кг гӯшти гов то 18 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд то 19 сомонӣ, нархи 1 халта орди навъи якум то 90 сомонӣ ва то 15-20 фоиз паст намудани нархи равғани растанӣ, равғани маска, шир, тухм, биринҷ, шакар, картошка, помидор, пиёз, сабзӣ, карам, ангур ва харбузаю тарбуз, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷонибдорӣ карда шудааст, ҳатмӣ мебошад. Дар бобати воқеияти риояи ташаббус оид ба нархҳои иқдомӣ аз ҷониби соҳибкорон ба фурӯш гузоштани маҳсулоти зикршуда,  телефонҳои боварии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  223-22-14 ва 221-26-95 барои сокинон дар даромадгоҳи марказии бинои шаҳрдорӣ ва почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com фаъол карда шудааст, ки ҳар як шаҳрванд имкон дорад вобаста ба масъалаи танзими нархҳо муроҷиат намояд.              

Август 16, 2010 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад