ҚАРОРИ ШАҲРДОРИИ ПОЙТАХТ МАҚОМИ ҲУҚУҚӢ ПАЙДО КАРД
Душанбе, 16 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 августи соли 2010 «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи шарифи Рамазон дар қаламрави шаҳри Душанбе» тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз ҷониби Вазорати адлияи кишвар ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳти № 582 аз 12 августи соли 2010 ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод. Бо дарназардошти амали мазкур ва мувофиқ ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2009 «Дар бораи тасдиқи тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ «Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе дар нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи «Ҷумҳурият» 14 августи соли 2010 интишор гардид. Бояд зикр кард, ки дар давоми моҳи шарифи Рамазон(аз 11 август то 10 сентябри соли ҷорӣ) риояи ташаббуси соҳибкорону роҳбарони бозорҳои пойтахт дар қаламрави шаҳр ҷиҳати дар як сатҳ қарор додани нархи маҳсулот, аз ҷумла нархи 1 кг гӯшти гов то 18 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд то 19 сомонӣ, нархи 1 халта орди навъи якум то 90 сомонӣ ва то 15-20 фоиз паст намудани нархи равғани растанӣ, равғани маска, шир, тухм, биринҷ, шакар, картошка, помидор, пиёз, сабзӣ, карам, ангур ва харбузаю тарбуз, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷонибдорӣ карда шудааст, ҳатмӣ мебошад. Дар бобати воқеияти риояи ташаббус оид ба нархҳои иқдомӣ аз ҷониби соҳибкорон ба фурӯш гузоштани маҳсулоти зикршуда, телефонҳои боварии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 223-22-14 ва 221-26-95 барои сокинон дар даромадгоҳи марказии бинои шаҳрдорӣ ва почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com фаъол карда шудааст, ки ҳар як шаҳрванд имкон дорад вобаста ба масъалаи танзими нархҳо муроҷиат намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






