ҚУВВАОЗМОӢ ЯКРАНГ АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Қувваозмоии марказии даври 18-уми мусобиқоти қаҳрамонии дастаҳои футболи лигаи олии мамлакат – қаҳрамони ҳозираи футболи Тоҷикистон, дастаи «Вахш» ва дастаи «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби баробар, яъне сифр бар сифр анҷом ёфт. Бозингарони дастаи «Регар-ТадАЗ» дар дақиқаҳои аввалини қувваозмоӣ имкон доштанд, ки ҳисоби бозиро кушоянд, вале аъзои дастаи мазкур Даврон Тухтасунов ва Жаилтон Оливейр аз имкониятҳои қулай истифода бурда натавонистанд. Дарвозабони дастаи ҳариф Юлдошев дар қисми дуюми қувваозмоӣ маҳорати хуб нишон дод. Ба туфайли ҳунарнамоии ӯ чандин зарбаи хавфнок зада гардонда шуд. Бозингари дастаи «Вахш» Маҳмадалӣ Содиқов чанд дақиқа пеш аз анҷом ёфтани қувваозмоӣ имкон дошт, ки тӯбро ба дарвозаи ҳарифон занад, вале ҳуҷуми ӯ барор нагирифт. Ҳамин тариқ қувваозмоии мазкур бо ҳисоби якранг анҷом ёфт. Дастаи «Вахш» баъди ин бозӣ дар ҷадвали мусобиқа ҷойи чорум ва дастаи «Регар-ТадАЗ» ҷойи дуюмро ишғол менамоянд. Дастаи футболбозони ноҳияи Ваҳдат «Хайр» дар майдони худ дастаи футболбозони «Хуҷанд»-ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






