«ҲАФТАИ ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН»
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Бахши робита бо ҷомеаи меҳнат ва Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки аз 23 то 28 августи соли 2010 дар муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти хамкориҳои техникии Олмон, Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон гузаронидани «Ҳафтаи таълими калонсолони Тоҷикистон» ба нақша гирифта шудааст. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд, маросими кушодашавии «Ҳафтаи таълими калонсолони Тоҷикистон» дар «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Тибқи нақша маросими кушодашавии «Ҳафтаи таълими калонсолони Тоҷикистон» ҳамчунин дар шаҳрҳои Хоруғ, Қурғонтеппа ва ноҳияи Тоҷикобод баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар давоми ҳафта «Рӯзи дарҳои кушод», «Мизи мудаввар», вохӯрӣ бо намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ дар соҳаи хизматрасонӣ ва туризм гузаронида шуда, инчунин, ярмаркаи омӯзишӣ бо супоридани шаҳодатномаҳо ба хатмкунандагон ба анҷом расонида шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






