ҲОСИЛНОКИИ САБЗАВОТ МЕАФЗОЯД

Август 25, 2010 11:30

Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Тибқи иттилои  фаврӣ майдони кишти сабзавот дар ҷумҳурӣ  ба  19299 гектар баробар буда, то имрўз ҳосили 10598 гектар ҷамъоварӣ шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 6679 гектар зиёд мебошад. Нақшаи истеҳсол 453818 тоннаро дар бар гирифта, айни ҳол 182383 (40%) тонна иҷро шудааст. Ҳосилнокӣ 176,1 сентнериро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 4 сентнер кам гардидааст. Дар вилояти Суғд аз майдони кишти умумии сабзавот (6429 га) ҳосили майдони  1764 га замин ҷамъоварӣ карда шуд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 808 гектар зиёд мебошад. Нақшаи истеҳсол 166957 тонна буда то имрўз 29981 (18%) тонна иҷро шудааст. Ҳосилнокӣ  170,0  сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 0,2 сентнер зиёд гардидааст. Дар вилояти Хатлон майдони кишти сабзавот 8846 гектарро дар бар гирифта, то имрўз ҳосили 6560 гектар ҷамъоварӣ шудааст. Нақшаи истеҳсоли картошка 183559 тонна буда, айни ҳол 112528 (61%) тонна иҷро шудааст. Ҳосилнокӣ 171,5 сентнериро ташкил дода нисбат ба соли гузашта 4,8 сентнер кам гардидааст. Майдони кишти умумии сабзавот дар НТҶ 3730 гектар буда, то имрўз 2274 гектар ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 897 гектар зиёд мебошад.

Август 25, 2010 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад