ҲУМОЮН БОД ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИК!

Август 30, 2010 14:49

Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати даҳум Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки аз ин санаи муҳими таърихӣ 19 сол сипарӣ гашт. 19 соли даврони соҳибистиқлолӣ ба мо чӣ дод? Муҳим аз ҳама, 19-соли истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буданд. Пӯшида нест, ки Тоҷикистон пас аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар сатҳи пасти тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, Ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон бо саъю талошҳои пайваста, барои бартараф намудани бӯҳрони фарогир, барномаҳои мақсаднокро тариқи таъмини либерализатсияи иқтисодиёт, мӯътадилгардонии вазъи макроиқтисодӣ ва рушди воқеии сохторҳои иқтисодӣ пайдарпай амалӣ намуд. Ин раванд амалан аз озодкунии нархи ҳамаи молу маҳсулот ва хизматрасониҳо, аз ҷумла маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ба монанди нону орд, ғалла ва савдои хориҷӣ, вусъат додани ислоҳоти воқеии соҳаи кишоварзӣ, бахши молиявию бонкӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, дастгирии бахши хусусӣ, инчунин такмили заминаи ҳуқуқии ислоҳот иборат буд. Дар солҳои сипаригашта оид ба ҷорӣ намудани шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот, истифодаи шаклҳои гуногуни ташкили хоҷагидорӣ ва корхонаҳо, пеш гирифтани сиёсати хусусигардонии моликияти давлатӣ чораҳои зиёд амалӣ карда шуданд. Ба муомилот баровардани асъори миллӣ ҳам яке аз дастовардҳои бузурги ташаккули иқтисодиёти миллӣ гардид. Имрӯз Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти сангини рӯз ба марҳалаи сифатан нави тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии худ ворид гардидааст, ки вазифаҳои асосии ин давраи рушд аз вусъатбахшии пайгиронаи ислоҳот, самаранокии натиҷаҳои татбиқи он, рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ тадриҷан паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардуми кишвар иборатанд. Дар самти густариши робитаҳои иқтисодии хориҷӣ бунёди корхонаҳои муштарак, густариши робитаҳои мутақобилан судманд бо корхонаҳои мамолики дигар, ҷорӣ намудани савдои озоди беруна ва бо манфиатҳои миллӣ ҳамоҳанг сохтани робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, тавсеаи ҳамкориҳои бевосита бо кишварҳо ва ташкилотҳои бонуфузи молиявӣ ва иқтисодии байналмилалӣ самараи хуб доданд. Мавриди зикр аст, ки танҳо дар давоми 6 моҳи соли 2010 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон, ба истиснои нерӯи барқ ва гази табиӣ, 1688,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо зиёда аз 87 кишвари дунё равобити тиҷорати хориҷӣ дорад. Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва ин кишварҳо сол то сол густариш ёфта, дар давоми 6 моҳи соли равон содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар ба 557,1 миллион доллари ИМА ва воридот ба 1131,5 миллион доллари ИМА баробар шуд.    Ҳамаи ин тадбирҳо ва ҳамчунин, тавассути рушди устувори иқтисодӣ ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоӣ имконият доданд, ки барои инкишофи иқтисодиёти Тоҷикистон, тақвияти пояҳои давлатдорӣ ва таҳкими дастовардҳои истиқлолият асоси қавӣ гузошта шавад. Тазаккур додан ба маврид аст, ки дар самти бо ҳам пайвастани минтақаҳои кишвар ва густариши фаъолияти берунаи иқтисодӣ лоиҳаҳои муҳим дар якҷоягӣ бо ширкатҳои хориҷӣ амалӣ мегарданд, ки дар рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии мамлакат аҳамияти бузург доранд. Солҳои соҳибистиқлолӣ силсилаи роҳҳои автомобилгард аз шимол то ҷануб ва аз ғарб то шарқ, нақбҳои мошингард ва пулҳои байналмилалӣ ба истифода дода шуданд, ки ба раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат мекунанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар дунёи пуртаззоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар таҷлили 15-солагии Истиқлолияти давлатӣ тазаккур дода буд, ки: «Дар байни миллатҳои мутамаддини олам мисли миллати тоҷик кам халқе вомехӯрад, ки борҳо ба вартаи фаношавӣ наздик шуда, дубора эҳё гардида, баъди ҳар шикасту нокомӣ барои истиқлолияту бақои худ мубориза бурдааст ва аз нав ба зинаҳои баландтари камолот расидааст». Дар ҳақиқат, миллати тоҷик, ба шарофати хиради азалӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа тавонист, ки ваҳдати миллиро барқарор намуда, нуфузи Тоҷикистонро бо фарзандони фарзонааш ҳамчун кишвар мустақил дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунанд. Нақши муҳими фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, бахусус Устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуровро дар самти ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ махсус бояд таъкид кард. Зеро, шинохти шахсияти эҷодии ин мардони миллат гарави равнақи ояндаи забону фарҳанги тоҷик ва омили муассири таҳкими ваҳдати миллӣ ва пойдории истиқлолияти кишварамон аст. Имрӯз низ зарур аст, ки ҳар фарди ҷомеа ба мисли аҷдодони бонангу номуси миллати тоҷик якпорчагии обу хоки Ватан, Ваҳдату ҳамгироӣ ва сулҳу суботи ҷомеаро ҳифз намуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат содиқона мусоидат намоянд. Лоиқ Шералӣ ба маврид гуфтааст: Аз фурӯғи рӯзи миллат Бемуҳобо хонаи душман бисӯзад! Баҳри истиқлоли миллат Камтарин тоҷик агар сидқан бисӯзад, Аз тулӯъи фоли миллат Решаи манҳуси Аҳриман бисӯзад!   Бо боварии комил метавон гуфт, ки фарзандони миллати тоҷик қодиранд, ки марзу буми Ватани хешро аз ҳаргуна хатарҳои ғаразноки душманон эмин нигаҳ доранд. Фақат мебояд бо шукргузорӣ аз даврони истиқлол муттаҳид ва ватандор буд, то нагузорем ҳадафҳои ғализу ғаразноки душманони аҷнабӣ ба хоки поки миллати тоҷик роҳ ёбанд.     Ёдовар шудан бамаврид аст, ки имсол низ, мардуми шарифи Тоҷикистон дар тамоми гӯшаю канори мамлакат 19-умин солгарди Истиқлоли давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мекунанд. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол – шаҳри Душанбе 9 сентябр дар Боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Москва» сайругашти оммавӣ, барномаҳои фарҳангиву консертӣ, намоишҳои ҳунариву эҷодӣ ташкил шуда, маркази баргузории ҷашн дар пойтахт майдони «Дӯстӣ» аст. Дар ин ҷо шоми 9 сентябр барномаи идонаи консертӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор мешавад. Ҳамзамон, бахшида ба 19-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 сентябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона бо ҳузури устодони санъати Тоҷикистон барпо мегардад.   Хуҷаста бошадо иқболи тоҷик! Ба парвози навин шаҳболи тоҷик! Гар истиқлолаш истиқбол дорад, Ҳумоюн бод истиқлоли тоҷик!  

Август 30, 2010 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст