ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАРИ ДАВЛАТ
23 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ҷаласаи фаврӣ доир намуд. Дар ҷаласа масоили вобаста ба фирори 25 нафар ҷинояткори махсусан хавфнок аз маҳбасхона баррасӣ шуд. Оид ба ҳодисаи рухдода ва тадбирҳои андешидашуда ахбори роҳбарони сохторҳои масъул шунида шуд. Чунонки зикр гардид, ин ҷинояткорон бо ҷурми даст доштан дар амалиётҳои мусаллаҳонаи террористӣ, экстремистӣ ва гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир соли гузашта дастгир ва ҳабс карда шуда буданд. Бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ситоди фаврӣ таъсис дода шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки оид ба дарёфт ва дастгир намудани ин гурўҳи ҷинояткор, ки ҳамчунин даст ба кўшиши ғасби ҳокимият зада буданд, чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






