ҶАВОНОНИ ТОҶИКРО ДАР ТУРКИЯ ЧӢ МЕОМӮЗОНАНД?
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» бо ибтикори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарони Идора оид ба ҳамкорӣ ва рушди Ҷумҳурии Туркия (ТИКА) бо роҳбарони вазорат ва Маркази таълими калонсолон баргузор гардид. Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов ин вохӯриро муҳим арзёбӣ намуда, афзуд, ки мақсади асосии мулоқот таъсис додани Маркази таълимӣ барои таълими касбии аҳолии мӯҳтоҷ ба ҳифзи иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе аст. Дар ҷараёни сӯҳбат ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд, тибқи талаботи рӯзмарра ва бозори меҳнат, баҳри амалӣ намудани якчанд нақшаҳои зарурӣ, аз ҷумла таъмири бинои дуошёнаи Маркази таълими калонсолон, сохтани устохона барои омӯзонидани ихтисоси « Кафшергари барқии дастӣ»( газӣ, аргонӣ, гелӣ), тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои туризм, пешхизмат барои хизматрасонии меҳмонхонаю тарабхонаҳо ба мувофиқа омаданд. Дар охир миёни ҳамоҳангсози ТИКА Фатиҳ Йилмаз ва Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмадаминов оид ба омӯзонидани мутахассисони ҷавони соҳаи ихтисоси кафшергарӣ дар Ҷумҳурии Туркия шартнома ба имзо расонида шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






