ҶАВОНОНИ ТОҶИКРО ДАР ТУРКИЯ ЧӢ МЕОМӮЗОНАНД?

Август 9, 2010 16:06

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими  калонсолони  Тоҷикистон» бо ибтикори  Вазорати  меҳнат  ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқоти роҳбарони  Идора оид ба ҳамкорӣ  ва рушди Ҷумҳурии Туркия (ТИКА) бо роҳбарони  вазорат ва  Маркази таълими  калонсолон баргузор гардид. Вазири меҳнат  ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадамин Маҳмадаминов ин вохӯриро   муҳим арзёбӣ намуда, афзуд, ки  мақсади асосии мулоқот  таъсис додани  Маркази  таълимӣ барои  таълими касбии  аҳолии мӯҳтоҷ  ба ҳифзи  иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе аст. Дар ҷараёни сӯҳбат  ҷиҳати  густариши ҳамкориҳои  судманд, тибқи талаботи рӯзмарра  ва бозори  меҳнат, баҳри  амалӣ намудани  якчанд нақшаҳои  зарурӣ, аз ҷумла таъмири  бинои дуошёнаи  Маркази таълими калонсолон, сохтани устохона  барои  омӯзонидани  ихтисоси « Кафшергари барқии дастӣ»( газӣ, аргонӣ, гелӣ),  тайёр намудани  мутахассисони  соҳаҳои туризм, пешхизмат барои хизматрасонии  меҳмонхонаю тарабхонаҳо  ба мувофиқа омаданд. Дар охир миёни ҳамоҳангсози ТИКА Фатиҳ Йилмаз ва Вазири меҳнат ва ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмадаминов  оид ба омӯзонидани   мутахассисони  ҷавони  соҳаи  ихтисоси кафшергарӣ дар Ҷумҳурии Туркия шартнома ба имзо  расонида шуд.        

Август 9, 2010 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид