ҶИҲОДИ КАБИРӢ МУҚОБИЛИ КИСТ?

Август 30, 2010 16:32

Љињоди Кабирї муќобили кист?   Чанд рӯз боз баъди интишори мусоҳибаи  раиси ҲНИТ М. Кабирӣ бо номи «Мо набояд шутурмурѓ бошем» унвонии АМИТ «Ховар» аз номи сокинони ҷумҳурӣ номаҳои зиёде мерасанд, ки дар онҳо ба андешаҳои роҳбари ин ҳизби сиёсӣ изҳори норозигӣ баён мекунанд.  Алҳол чанд номаи ҳамватанон пешниҳод мегардад.   Мусоњибаи Раиси ЊНИТ  М. Кабирї бо рўзноманигорон Каюмарси Ато ва Њарамгули Ќодир бо унвони “Мо набояд шутурмурѓ бошем” тавассути сомонаи интернетӣ хоњиши њангомаеро “бунёд” гузоштан доштанд. М. Кабирї сарвари ЊНИТ боз њам бозгӯ кардани ормонњои падарони њизбро дар мадди аввал гузошта, бо ин маќоми онро аз эътиќоди мардум ба ислом афзалтар шумурдан мехоњад. Халќи тољик њанўз солњои аввали Истиќлолият ба аќидањои пешвоёни навбаромад, ки худро њомии миллат мешумурданд, печида буд. Сӯйистифода аз он, ки ҳизб ба эътиқоди мардуми мусулмон иртибот дорад ва 99% ањолї мусулмонанд, муносибати давлатро фишор ба мусулмонон мехонанд, ѓалати мањз аст. Хилофи Ќонуни кишвар амал кардан, ки худи шумо Кабирӣ ба он дар парлумон овоз додаед ё не, маънии онро надорад, ки ба зӯъмии хеш, ки чил њазор аъзои ЊНИТ-ро сарваред, пой ба роњи аксарият гузоред. Куљост воќеъбинӣ ва риояи ањкоми демократии шумо, ки чун сарвари њизб онро пазируфтаед? Шумо, ки худро ба мусулмонони кишвар њомиву ѓамхор мењисобед, чӣ ниятњоро ба сар доред ва аъзои њизбро ба кадом роњ њидоят карданиед? Дар Конститутсияи кишвар ягон духӯрагї њаст, ки дар ин бора њарф задаед? Номушаххасӣ дар куљост? Љаноби Кабирї чун раиси ЊНИТ худ дар љаҳли хеш дар мондаед. Гоҳо мехоҳед ба фаъолияти Кумитаи дин дахолат кунед ва гоҳи дигар ба мақомоти қонунгузории кишвар, ки дар он худ чун намояндаи мардум ширкат меварзед. Мӯҳтарам Кабирӣ, шояд шумо нуқтаҳои қонунро дар бораи озодии виҷдон напазиред, аммо чун шаҳрванд, ки Тоҷикистонро ватани воқеӣ меҳисобеду аз он ифтихор доред, ки чун баъзе аз раисони ҳизб аз дигар ҷо наомадаед, ба он арҷ гузоред. Аққалан ба хотири волоияти қонун. Ҳеч кас пеши роҳи эътиқод ва ибодати шуморо нагирифтааст. Танҳо риояи нуктаҳои қонун тақозои онро дорад, ки ба эҳсос такя накунем ва ҳангома сохтан аз ин маънӣ надорад. Мақомоти давлатие, ки ба дин сару кор доранд мавқеи ҳизбро дар кори сиёсӣ танг накардаанд. Маркази фарҳангии шумо низ масҷиду ибодатгоҳ нест, ки омезишаш додаед. Агар масҷидро бо маркази фарҳангӣ як медонед, ин баҳси дигар аст, ки дар ин маврид донандагони мазҳабӣ метавонанд ба ин масъала баҳои воқеӣ диҳанд. Шумо, ки худ сиёсатмадоред ва чун сарвари ҳизб чунин мақомро ишғол кардаед, боз динро ба сиёсат наолонед. Ва ба эътиқоди мардум бозӣ накунед, ки миллати мо боре таҷрибаи талхи онро дар хуну пӯсти худ санҷида буд. Ва сулҳе, ки ба даст омад, илоҳо бегазанд монад. Аммо Шумо, мӯҳтарам Кабирӣ, дарҳол фишорро ёдрас кардаед, ки гӯё ба хотири заиф кардани фаъолияти ҲНИТ Ҳукумат раво дида бошад. “Аз дин душман тарошидан ба нафъи кас нест”,  пас истифода бурдани дин барои ба ҳадафҳои ниҳоии сиёсӣ расидан ба манфиати кӣ бошад? Сиёсатмадорон ҳам содда мегӯянд, ба пиндорашон омма ин ҳарфҳои эшонро, ки дар мақоми болотар нишастаанд, ба сатҳи ҳикмат мегузоранд. Пиндори Шумо мутлақо саҳеҳ нест. Агар ба Шумо риояи қонунро тақозо карда бошанд, ки онро поймол кардаед, магар ин фишор аст? Агар чунин фаҳмидед, чунин нест. Ҳукумат ба ҲНИТ имкони фаъолиятро додааст ва фаъолияти он набояд хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Ва қонунгузорӣ барои ягон ҳизб бартарӣ ва ё маҳдудиятро ба миён нагузоштааст, ки шумо барои рекламаи хеш овоз баланд мекунед. Ва дар ин маврид на танҳо ҳизби шумо, балки ҳизбҳои дигар низ ҷаҳд доранд, ки дар ҷомеа мақому манзалат дошта бошанд. Ва кӯшиши шумо низ бояд бидуни сангандозӣ ба полизи Ҳукумат сурат гирад. Дар мавриди қонуне, ки қабул шудааст, интиқоди худро иброз доштаед, ки иштибоҳи шумост ва лоиҳаи қонуне, ки шумо пешниҳод карданиед, боз ҳам мӯътақидед, ки намегузарад. Чаро? Шумо дар ин маврид мавқеи гурӯҳиро (ҳизбиро) дар мақоми аввал гузоштаед, ки дар Тоҷикистон он харгиз қобили қабул буда наметавонад. Зеро гурӯҳҳои дигар мавқеи худро ҳимоя хоҳанд кард. Мӯҳтарам Кабирӣ, хуб мебуд мегуфтед, ки дар хусуси телефони ҳамроҳ суол надиҳанд, ки онро надоред, ин барои як сарвари ҳизб дар ин замон айб асту бас. Хоксориятонро дастак кардед-да. Аризаҳоятонро гӯё дар мавриди шикоят ба рафти интихобот судҳо қабул накардаанд. Чӣ хел исбот мекунед? Дар ҷойи дигар овардаед, ки ҳастанд ашхосе, ки аз ҲНИТ ноумед шудаанд, вале боз ҳам ин қазияро ба равандҳои сиёсии кишвар мансуб донистаед. Ҷаноби Кабирӣ, одамони имрӯза аз воқеият хуб огоҳанд. Мувофиқи идрок мавқеъгирӣ мекунанд. Шумо киро тарс доданиед, ки аъзои ҲНИТ ба тундгароӣ омодаанд ва ҷиҳод мароми ниҳоии онҳост? Дигар ба тафсири шикоятатон аз равандҳои демократӣ дар кишвар ҳоҷат намемонад. Муслимини Тоҷикистон, ки дар марҳилаи муосир ба мафҳуми дин ва нақши он дар ҷомеа сарфаҳм рафта, думболи ҲНИТ-ро намегиранд ва манфиатҳои миллиро дар мадди аввал мегузоранд, магар гунаҳгоранд? Шумо аз муборизаи мусаллаҳона ҳарф задаед, ки гӯё роҳи ягонаи расидан ба ҳадаф аст. Ба чӣ хотир? Фаромӯш кардаед айёмеро, ки силоҳ ҳукм дошт ? Ёд кардаед он рӯзҳоро? Ҷаноби Кабирӣ, ҷомеаи Тоҷикистон ин ҳадафҳои муғризонаи шуморо ҳеч гоҳ таҳаммул намекунад. Рӯирост ба таҳдид гузаштани Шумо аз дили софу дасти тоза нест, ки нест. Дар собиқ СССР танҳо Тоҷикистон ба ҳизби мазҳабӣ имкони фаъолият додааст. Ин магар кам аст? Даст ба силоҳ задан ба хотири ҳадафҳои сиёсӣ хилофи конститутсия амал кардан аст, ки оқибатҳои нохуш дорад. Бахусус, ҳар як сарвари ҳизберо, ки чунин мекунад, ҷазои ҷиноятӣ интизор аст. Ва шумо Кабирӣ бо ин хулосаи беасоси худ, кӯшиш доред терроризмро, ки ба ислом доғ овардааст, ҳаргиз аз даст надиҳед. Дар тамоми давлатҳои олам, хоҳ он Аврупоист ва ё Шарқи исломӣ ҳадафи диндорон бартараф кардани низоъҳои гурӯҳиву сарҷамъ намудани миллат таҳти идеологияи давлатист. Ва диндорон ба қонуни кишвар арҷ мегузоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди фишорҳои беруна, ба мушкилот мувоҷеҳ гардонидани иқтисодиёти кишвар аз ҷониби онҳо, роҳ ёфтани равияҳои бегонаи динӣ, ки ба суботу якпорчагии миллат рахна ворид месозанд, диндорон хомӯшанд. Шумо Муҳиддин Кабирӣ дар кадом баромадҳоятон ба ваҳҳобиву салафиҳо ва Ҳизб-ут-таҳрир ишора намудаед, ки ҷомеаи ороми моро ноором мекунанд? Ё фаъолияти онҳоро инкор мекунед? Ё онҳоро ба узвият қабул мекунед? Мӯҳтарам Кабирӣ, агар фарзанди воқеии миллат ҳастӣ ва иддаоят дар ин маврид саҳеҳ аст, хуб мешуд даст болои сина гузошта ба хизмати миллат камар бибандӣ. Ва тафриқаандозиро аз сар дур намоӣ. Бас аст истифода бурдани дин барои амалӣ намудани манфиатҳои худ ва ҳидоятгаронатон. Мусоҳиба, он ҳангомаеро ки мехостед, ба вуҷуд наовард. Бахусус дар ин шабу рӯзе, ки мардум дар моҳи шарифи Рамазон зоҳиру ботини худро аз олоишҳо тоза месозанд. Хуб мебуд, шумо низ худро ақаллан ба хотири ислом, ки ҳизбатонро ба он марбут донистаед, заррае аз иғво канор мегирифтед.     Сокини ш. Душанбе. Абӯбакр Акрамов akbarov_abubakr@bk.ru   “Шутура гуфтам, ғамза кун …”   Чанде пеш дар яке аз рӯзномаҳо мақолаеро пиромуни ба масҷид табдил додани бинои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хонда, хулоса бароварда будам, ки вокеан масъулин ҳақанд, чунки дафтари асосии ҳизби сиёсӣ бояд ҳамчун идораи расмӣ фаъолият кунад, на ба сифати масҷид. Чӣ ҷойи пинҳон доштан. Имрӯз бисёре аз масҷидҳои кишвар ба минбари сиёсат табдил ёфтаанд. Бо шарофати ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон, ки мислаш дар ягон кишвари ҳамсоя нест, дар масҷидҳои мо касе чизе хоҳад мегӯяд. Ин сӯҳбатҳо аз дини ислом ва мусалмонӣ фарсахҳо дуранд, аммо муллоҳо мегӯянду муридон мешунаванд, сипас худашон онро дар байни атрофиён тӯтивор такрор мекунанд. Раиси ҲНИТ М.Кабирӣ мусоҳиба оростанро хеле дӯст медорад ва бояд рӯирост иқрор шуд, ки ҷанобашон ҳамчун донишманд ва сиёсатшинос дар ин самт муваффақ ҳам ҳастанд. Аммо вақте ки банда силсилаи сӯҳбатҳои ахири М.Кабириро, аз ҷумла бо мухбирони радиои “Озодӣ” хондам, ҳуш аз сарам парид. Дар аввал боварам наомад, ки ин суханонро маҳз ҷаноби Кабирӣ мегӯянд. Сарварони созмонҳои террористӣ-экстремистӣ, бахусус марҳум Тоҳир Юлдош, Уссома бинни Лодан ибораи “ягона роҳ – роҳи ҷиҳод аст”-ро фаровон истифода мебурданду мебаранд. Ин нафарон як умр дар ба даранду гуреза ва роҳи халосиро танҳо дар ҷиҳод мебинанд. Вале, ҷаноби М.Кабириро чӣ сабаб шуда бошад, ки роҳи наҷотро танҳо дар ҷиҳод дидааст? Раиси ҲНИТ ба хубӣ медонад, ки ин изҳороташ оқибатҳои басо гарон дорад. Бахусус, ба гаравидани теъдоди зиёди ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, аз қабили “Ҳизб-ут-таҳрир” сабаб мешавад. Зеро мақсади асосии “Таҳрирчиён” аз тасарруфи ҳокимият бо ҳар роҳе, ки набошад, аз ҷумла бо роҳи мусаллаҳона ва ташкил кардани “Хилофат” дар тамоми дунё иборат аст. Пас, саволе ба миён меояд, ки чаро даъват ва мақсадҳои ҷаноби Кабирӣ бо ниятҳои тундгароёнаи “Ҳизб-ут-таҳрир” мувофиқ омадаанд? Шояд ин ҷо “зери коса нимкосае бошад?”. Дар сӯҳбат ҷаноби Кабирӣ дуруст ва саривактӣ аз ибораи “шутурмурғ набудан” истифода кардаанд. Воқеан, аз ҳадафҳои ойинномавии ҲНИТ аз як тараф ва даъватҳои имрӯзаи раиси он аз ҷониби дигар, духӯрагии мавқеъи онҳо баръало ба чашм мерасад. Имрӯз роҳбарияти ҲНИТ аз муносибати сохторҳои давлатӣ ба Маркази фарҳангии он норозигӣ мекунанд. Пас чӣ мешавад, ки шумо ҷаноби Кабирӣ ба ҷойи баҳси беҳуда, ҳамчун раиси ҲНИТ қарор бароред, ки (агар албатта, ба ин зӯри шумо расад!) мардум намозашро на дар дафтари ҲНИТ, балки дар хонаҳои Худо – масҷидхои пойтахт, ки шумораашон хеле афзудааст ва ҷавобгӯи тамоми талаботи дини мубини Ислом мебошанд, адо намоянд.   Сокини пойтахт: Сайидвалии Зиёвуддин saidvaly_73@mail.ru   Воизон чун ҷилва бар меҳробу минбар мекунанд…   Дар интернет чашмам ба мусоҳибаи раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо хабарнигорони Радиои Озодӣ Каюмарси Ато ва Ҳарамгули Қодир афтид ва баъди мутолиаи мавод хостам баъзе фикру ақидаи худро нисбат ба он изҳор намоям. Ба андешаи ман, роҳбари ҲНИТ, ки дар маҷмӯъ ҳамчун як шахси ботаҳаммул шинохта мешавад, ин дафъа ба эҳсосот дода шудааст. Ибораҳои “қонунҳои духӯра”, “ибодатро манъ мекунанд”, “муносибати гунг бо кар” ва монанди инҳо ношукрии М. Кабириро аз давлату Ватан ва истиқлолият баръало ифода мекунанд. Гӯё ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ягон кишвари бегонае фаъолият мекарда бошаду сохибистиқлолии Ватани мо, ки ҳизб ҳосили он аст, барои роҳбаронаш бефарқ аст. Ба ҷойи он, ки талаботи қонунҳоро иҷро намояд, як масъалаи мушаххаси ҷузъиро ба сиёсат омехта карда истодааст. Аз ҷумла, ӯ арз намудааст, ки “фишор болои ҲНИТ-ин фишор болои мардуми Тоҷикистон, миллат аст”. Гӯё, ки тамоми тоҷикистониён аъзои Ҳизби наҳзати ислом бошанд. Охир ҳақиқат ин тавр нест-ку! Магар хуб намебуд, агар М. Кабирӣ ва одамони гирду атрофи ӯ ба хатогиҳои содиркардаашон қоил шаванду барои ислоҳ намудани он кӯшиш намоянд?! М. Кабирӣ худро ҳомӣ ва алломаи дин нишон дода, қайд мекунад, ки “фарҳанги мо ислом аст”. Фаҳмо, ки мо гуфта ӯ чиро ё киҳоро дар назар дорад. Дуруст аст, ки истифода бурдани “Капитал”-и Маркс дар чорабиниҳои фарҳангии ҲНИТ аз мантиқ дур аст. Лекин, ҳисоби капиталҳоеро, ки аз хориҷи кишвар ба унвони ҳизб ворид мешаванд, фақат элитаи он медонаду халос. Дар давоми мусоҳиба М. Кабирӣ боз ҳамон гуфтаҳои пешинаашро такрор мекунад, ки “ҳадафашон – заиф кардани ҲНИТ аст”. Бехабар аз он, ки ҳизбро худи ӯ бо наздиконаш заиф карда истодааст. Дар охир боз як лаҳзаи мусоҳибаро қайд карданиам, ки ба назар содда, лекин ҷолиби диққат аст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз М. Кабирӣ суол мекунанд, ки “баъд аз интихобот дар расонаҳои хабарӣ хеле камнамо шудед. Ҳатто телефони ҳамроҳатон дигар ҷавоб намедиҳад. Ҳамеша дастнорас аст”. М. Кабирӣ ҷавоб медиҳад, ки “дуруст аст, ки шояд дастрасӣ ба мо камтар шудааст ва ин ҳам ба иллати надоштани телефони ҳамроҳ”. Браво, М. Кабирӣ! Ман бовар мекунам, ки Шумо ҳамроҳи худ телефон надоред. Лекин мутмаин нестам, ки аз ҷавоби Шумо хабарнигорони Радиои Озодӣ қонеъ бошанд. Ё не? Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.   Сокини ш. Душанбе. Bahodur Tukhtaev <bahodur_t@mail.ru>    

Август 30, 2010 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад