ҶУМЪА ҚУВВАТ- ВАССОФИ СУЛҲУ ВАҲДАТ
Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Чанд рӯз пеш дар Кумитаи сулҳ ва ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 60-солагии шоири маъруф Ҷумъа Қувват таҳти унвони «Ҷумъа Қувват- вассофи сулҳу ваҳдат» ҷамъомаи тантанавӣ баргузор гардид. Бояд гуфт, ки шоир узви раёсати Кумитаи сулҳ ва ризоияти ҷумҳурӣ мебошад. Ҷамъомадро муовини аввали раиси Кумитаи сулҳ ва ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломатхон Мироқилова ифтитоҳ намуда, аз ҷумла гуфт, ки шоир Ҷумъа Қувват зиёда аз 20 боз яке аз фаъолони кумитаи мост ва айни замон дар таҳкими сулҳу ваҳдат саҳми калон мегузорад. Муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Фароғат Азизӣ ба Ҷумъа Қувват мукофот — медали тиллоро супорида иброз дошт, ки асарҳои ба мавзӯи сулҳу ваҳдат бахшидаи адиб дар тарбияи насли ҷавон нақши муҳим мебозад. Ҷ.Қувват барои хизматҳои арзандааш дар равнақи адабиёти тоҷик ва таҳкими ваҳдати миллӣ бо ордени «Шараф» ва медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст. Фароғат Азизӣ ҳамчунин ба Ҷумъа Қувват барқияи табрикии Раиси Анҷумани байналмиллалии фонди сулҳ, сафири Созмони Миллали Муттаҳид, қаҳрамони чандинкаратаи шоҳмоти ҷаҳон А.Е Карповро супурд. Дар барқия гуфта мешавад, ки «Анҷумани байналмиллалии фонди сулҳ ба фаъолияти Шумо баҳои баланд медиҳад, зеро Шумо аз таҳти дил тамоми қувваю истеъдодатонро дар ин ҷода сарф мекунед. Фаъолияти самарабахши Шумо дар ин самт махсусан дар давраҳое, ки муқобилони сулҳу Ваҳдат баҳри халалдор кардани сулҳ мекӯшиданд, васеъ зоҳир гардид». Дар шеърҳои Ҷумъа Қувват муқаддасоти ҷовидонаи ҳаёти инсон, ишқи пок, шараф, ҳақиқату адолат ва сулҳу дӯстӣ тараннум карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






