55 АДАД ҒИЛОФАКИ ПУР ДАР МЕЪДА

Август 23, 2010 15:54

Душанбе, 23 август. (АМИТ “Ховар”, Лутфия Эшонқулова). — Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти як гурӯҳи калони муташаккили ҷиноиро, ки ба қочоқи  маводи мухаддири тавлиди Афғонистон ба Федератсияи Русия машғул буданд, ошкор намуданд. 16 августи соли равон кормандони Агентӣ  дар фурӯдгоҳи пойтахт бо гумони интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир донишҷӯи 19 солаи яке аз мактабҳои олии кишвар, зодаи ноҳияи Шаҳритӯс, ки нияти парвоз ба Маскавро  дошт, дастгир намуданд. Зимни муоина аз меъдаи ӯ 55 адад ғилофаки пур аз героин, ки  463 граммро ташкил медод,дарёфт ва мусодира гардид. Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ се тан аз узви дигари ин гурӯҳи ҷиноӣ, аз ҷумла як зани 45 сола, ки то ин муддат ду маротиба барои ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз озодӣ маҳрум шуда буд, боздошт гардиданд. Айни замон ин чор нафар, ки як гурӯҳи муташаккили ҷиноиро ташкил медиҳанд, дар боздоштгоҳи муваққатии Агентӣ қарор доранд ва аз рӯи моддаи 200, қисми 3 “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш, такроран содир намудан аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ” ва моддаи 32, қисми 3: “Омодасозӣ ба содир кардани ҷиноят ва сӯиқасд ба ҷиноят” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиш идома дорад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ “Ховар” хабар доданд.      

Август 23, 2010 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд