АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛИ САБЗАВОТ ДАР РӮШОН

Август 11, 2010 09:25

Рӯшон, 11 август. ( АМИТ «Ховар», Л Додо).- Ноҳияи Рӯшон нисбат  ба навоҳии  дигари ВМКБ  барои  рушди соҳаи  сабзавоткориву боғдорӣ шароити  беҳтарро  соҳиб аст, зеро ҳам замини  зиёди корам  дораду ҳам  оби фаровон. Соли  2009 дар ноҳия  дар майдони 201 гектар картошка  ва 195 гектар сабзавот  кишт карда шуд. Дар натиҷаи  заҳмати дилсӯзонаи  деҳқонон  аз ҳар гектар 280 сентнерӣ сабзавот, 230 сентнерӣ картошка  ҷамъоварӣ гардид. Дар хоҷагии «Нури Ваҳдат»-и ноҳия   бошад, аз ҳар гектар 400 сентнерӣ пиёз ва 350 сентнерӣ картошка ҷамъ  оварда шуд. Тавре аз раёсати  кишоварзии ноҳия иттилоъ доданд, имсол  дар    ноҳия ҳосил  хуб аст. Картошкаю сабзавот нисбат ба соли  2009 1,5 баробар бештар  ҷамъоварӣ гаштааст. Ин  бошад ба  фаровонҳосилӣ  ва пурнозу неъмат  гаштани дастурхони  аҳолӣ оварда мерасонад.                                                      

Август 11, 2010 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!