БА ХУРШЕДИ АТОВУЛЛО ЧӢ ВАЗИФА ДОДАНД?

Август 10, 2010 11:26

Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Панҷумин Котиби генералии Медиа-Алянси Тоҷикистон, сардабири нашрияи «Фараж» Хуршедҷон Ниёзов (Хуршеди Атовулло) интихоб гардид. 6 август  дар толори  маҷмааи «Шарқи Озод» Анҷумани ҷашнии Медиа-Алянси Тоҷикистон баргузор гардид ва дар ҷараёни он Котиби генералии МАТ Зафар Абдуллоев дар бораи корҳои анҷомдода дар соли равон ҳисобот дод. Ӯ зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ  Медиа-Алянс мақоми худро дар самти ба ҳимояи ҳуқуқи созмонҳои журналистӣ ба субут расонид. Чандин бор барои ҳифзи ВАО ва хабарнигорони кишвар, ки гирифтори мушкилот буданд, садо баланд карда, изҳороти махсус доир ба қазияи судяҳои Суди олӣ ва се рӯзномаи мустақил, ки дар миёни онҳо ҳамчунин ҳафтаномаи «Фараж» увзи МАТ ҳаст, изҳорот пахш намуда буд. Ассотсиатсия ҳамчунин барои барқарор кардани интиқоли барқи қатъшуда ба узви дигари худ ТВ «Регар» мусоидат кард, ки нерӯи барқ бо супориши раиси шаҳр, ки аз интиқоди ширкати телевизионӣ ба унвони худ, инчунин барои инъикоси чандинкаратаи масъалаи вазъияти бади СМТ, ки бо сабаби задани мавҷ  хуб пахш намешуд, нороҳат шуда буд. Изхороти ҷудогона доир ба радиои «Ватан», ТВ СМТ ва ОИ «Авесто» низ пахш гардида буданд, ки дар корашон бо сабаби қатъи барқ ва банд шудани сомонаҳояшон аз ҷониби провайдерҳо ба мушкилот мувоҷеҳ гардида буданд. Дар давраи ҳисоботӣ Медиа — Алянс ҷоизаҳо ба ВАО-и миллӣ ва созмонҳо барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар Рӯзи матбуот (11-уми март) таъсис дод. Ҷоиза «Барои ҳимояи беҳтарин манфиатҳои миллӣ» ба ҳафтаномаи «Озодагон» ва ҷоиза «Барои  мутобиқат дар шароити бозорӣ» ба «ТВ СМТ» дода шуд. Бори нахуст дар кишвар ба ифтихори Рӯзи озодии сухан (3-юми май) МАТ маърака зери осмони кушод бо ширкати журналистони ҷавон доир кард. Дар ин рӯз ба гурӯҳи хабарнигорон ҷоизаҳо дар номинатсияҳои «Беҳтарин дар касби худ» ба номи О.Латифӣ ва «Барои ҷасорат» ба номи М.Муҳаббатшоев супорида шуд. МАТ инчунин аз нахустинҳо шуда барои расонидани ёрӣ ба зарардидагони сел дар Кӯлоб ташаббус нишон дода, либосу пойафзол ва рахти хоб ҷамъ овард. Дар маҷмӯъ, қариб 200 кг либосу пойафзол ҷамъ гардид ва он тавассути ташкилоти ҳамкор «Ҷавонони асри нав» ба эҳтиёҷмандон тақсим гардид. Дар рафти Анҷуман,  Котиби генералии МАТ З.Абдуллоев изҳор дошт, ки ҳарчанд тибқи Оиннома ӯ метавонад ду соли дигар роҳбарӣ кунад, аммо бо сабабҳои гуногуни объективӣ ин имконро надорад. Бинобар ин, пешниҳод кард, ки Котиби генералии навро интихоб кунанд. Баъди дастгирии ин пешниҳод аз ҷониби дигарон, аъзои МАТ, номзадии яке аз  муассисони ассотсиатсия, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршеди Атовуллоро (Хуршедҷон Ниёзов) якдилона ба вазифаи Котиби генералӣ пазируфтанд. Хуршеди Атовулло дар суханрониаш зикр намуд, ки мансаби Котиби генералии МАТ вазифаи масъулиятнок аст. Аз ин рӯ, ӯ роҳбариро на ба хотири ҳисобот, балки ба мақсади баланд бардоштани обрӯ ва нақши он дар миёни созмонҳои журналистӣ истифода мекунад. Котиби генералии нави МАТ пешниҳод кард, ки вазифаи директори иҷроия таъсис дода шавад ва ҳамзамон бо ин,  масъулияти аъзои МАТ нисбат ба сарнавишти ташкилот бояд зиёд  шавад. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки равобити МАТ-ро бо дигар созмонҳои журналистии кишвар  беҳтар гардонида, тавассути ташкилотҳои донории байналмилалӣ дар рушди он саҳм мегузорад. Анҷуман ҳамчунин ҳайати нави Шӯрои нозиронро интихоб кард, ки ба он журналистон Лидия Исамова (раис), Сангин Гулов ва З.Абдуллоев дохил шуданд. Инчунин, тасмим гирифта шуд, ки Шӯрои ВАО-и Медиа-Алянс интихоб шавад, ки ба он ҳамаи аъзое, ки муассис ва ё роҳбари ВАО мебошанд, инчунин раиси  Шӯрои нозирон шомил гарданд.   Дар рафти Анҷуман ба ҳайати Ассотсиатсия аъзои нав-Зиннатулло Исмоилов (директори генералии СМТ), Ҷамшед Ӯлмасов (сардабири ҳафтаномаи «Бизнес и политика»), Гулнора Амиршоева (сардабири «Вечерний Душанбе») ва Фарангис Набиева (сардабири ҳафтаномаи «Боргоҳи сухан») пазируфта шуданд. Қобили зикр аст, ки масъалаҳои афзалиятноки Ассотсиатсия рушди озодии сухан дар кишвар, баланд бардоштани маҳорати касбии журналистон, ҳимояи ҳуқуқи журналистон ва дастгирии кӯшишҳо барои ҳамраъйии ҷомеаи журналистикаи кишвар мебошад. Медиа-Алянс ташаббускори таъсиси Эътилофи иттиҳодияи ВАО «Ҳамкорӣ ба хотири демократия», ҷашни Рӯзи ҷаҳонии ҳамраъйии журналистон (7 сентябр) ва таъсиси «Шабакаи вокуниши сареъ дар ҳолатҳои ба вуҷуд омадани таҳдидҳо барои ВАО» ва журналистон» мебошад.    

Август 10, 2010 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд