БА МАКТАБИ НУРОБОД 65 НАФАР МУАЛЛИМОНИ ҶАВОН БА КОР ОМАДАНД
Нуробод, 18 август. ( АМИТ « Ховар», М. Ризвонов). Дар соли нави хониши 2010 – 2011 ба таълимгоҳҳои ноҳияи Нуробод 65 нафар муаллимони ҷавон, аз ҷумла 23 нафар донишҷӯёне , ки тибқи квотаи Президентӣ дар донишкадаҳои омӯзгории ҷумҳурӣ таҳсил мекарданд, ба кор омаданд. Тавре дар сӯҳбат ба мо мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Ҷумъа Насриддинов иброз дошт, аз шумораи муаллимони ҷавон 20 нафарашонро духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Қобили зикр аст, ки дар айни замон 85 фоизи мактабҳои ноҳия бо муаллимон таъмин гардидаанд.Ин бошад дар навбати худ имкон медиҳад , ки таълиму тарбия рӯ ба беҳбудӣ оварда, сатҳи донишомӯзӣ ва саводнокии хонандагон баланд гардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






