БАРҚИЯИ ҲАМДАРДИИ Э. РАҲМОН БА УНВОНИ ХУ СЗИНТАО
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 августи соли 2010 ба унвони Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао барқияи ҳамдардӣ фиристод. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҷаноби мӯҳтарам, Раис, хабари фуромадани ярчҳои харобиовар дар вилоятҳои шимолию ғарбии Чин, ки сабаби ҳалокати садҳо нафар одамон гардидааст, сокинони Тоҷикистонро ғамгин намуд. Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда таъзия баён намуда, ба ҳамаи маҷрӯҳшудагон ҳамдардӣ изҳор менамоем. Умед аст, ки тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Чин дар бобати то ҳадди имкон кам кардани оқибати фалокати табиӣ ва наҷоти одамон самараи дилхоҳ хоҳанд дод».








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






